Барои аз нав бақайдгирии симкортатон Шумо бояд ҳамроҳ бо он шахсе, ки рақаматонро ба ному насаби ӯ мегузаронед ба Маркази хизматрасонии ширкати Анор муроҷиат намоед. Дар сурати аз нав ба қайд даровардани шартнома бо иштироки шахси воқеӣ ҳузури шахсии ӯ бо шиноснома зарур аст. Барои шахси ҳуқуқӣ – ваколатнома барои аз нав ба қайд гирифтан ва бастани шартномаи нав барои намояндаи ин шахси ҳуқуқӣ, лозим аст. Ин хизматрасонӣ аз санаи 1-ум то 5-уми ҳар моҳ бо сабабхои техникӣ иҷро карда намешавад. Агар рақами телефонатон ба Шумо писанд наояд, шумо метавонед аз хизматрасонии “Тағйири рақам” истифода баред. Агар муштарӣ рақами худро иваз кардан хоҳад, бояд ба яке аз марказҳои хизматрасонии Анор муроҷиат намояд.Барои шахсони воқеӣ бо худ гирифтани шиноснома ҳатмист Хизматрасонӣ бо дархости хаттӣ сурат мегирад.